20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Наврӯзгоҳ «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид

1248
Дар Наврӯзгоҳ «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид

Бо ташаббуси соҳибкорони пешқадами кишвар ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май дар Наврӯзгоҳи пойтахт «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид. Дар намоишгоҳ Мирзозода Низом Юсуфӣ-муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манзура Рустамова-муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабоҳат Мирзоева-роҳбари агентии рекламави соҳибкорони ватанӣ ва дизайнерону сокинонои пойтахт иштирок намуданд.
Дар Наврӯзгоҳ «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид
Пас аз буридани лентаи рамзӣ ширкатҳои сохтмонию ороишии «Happilac», «Норд Азия Металл», «Hardex», «Kale», «Knauf» ҶДММ «Мусаввир» ва дигарон беҳтарин маҳсулоти сохтмонии ширкатҳояшонро пешкаши мизоҷон гардонданд.
Мутаассифона, шумораи сокинон ва харидорону эҳтиёҷмандон ба масолеҳи сохтмонӣ дар намоишгоҳи мазкур хеле кам буд. Ба иттилои масъулин бо сабаби дар як рӯз дар чанд мавзеи пойтахт баргузор гардидани намоишгоҳ шумораи ширкаткунандагон хеле кам аст, аммо иштирокдорон аз ин рӯҳафтода нашуда, маҳсулоти истеҳсолиашонро барои меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар Наврӯзгоҳ «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид
Имрӯз сокинони пойтахту навоҳии ҷумҳурӣ аз рангҳои истеҳсолшудаи ширкати «Happilac», ки дар маркази тиҷоратии Ҷал-Ҷам, мағозаи №74 воқеъ аст, ба таври пурра истифода мебаранд. Ба иттилои намояндагони ширкати мазкур рангҳои истеҳсолшуда ҷиллодор ва хушсифат буда, кафолати бисёрсола доранд ва онҳо барои ҳарчӣ бештар пайдо кардани мизоҷон масолеҳи истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд.
Қ.Сафолзода-намояндаи ширкати туркии «Kale» зимни сӯҳбат иттилоъ дод, ки ширкати сохтмонӣ ба ғайр аз масолеҳи сохтмонии дохили хонагӣ қисми Dekor- яъне масолеҳ барои ороиши хона, аз қабили намудҳои гуногуни шётка (мӯқалам) барои рангкуниро низ истеҳсол мекунад. Ширкати мазкур зиёда аз 10 сол мешавад, ки масолеҳи хушсифати ороишию сохтмониро барои мизоҷон ба фурӯш мебарорад.
Мирзозода Н.Ю-муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масолеҳи истеҳсолии ширкатҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, намояндагонро вазифадор намуд, ки дар истеҳсолот ҳарчӣ бештар аз масолеҳи дохили ватанӣ истифода баранд ва ба сифати он низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар Наврӯзгоҳ «Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмонӣ ва дизайнерии Тоҷикистон соли 2017» доир гардид
Ҳамин тариқ, пас аз шинос шудан бо масолеҳи сохтмонию таҳияи лоиҳаҳои хуштарҳу замонавӣ, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки намояндагони ширкатҳо ҳамкории худро ҳарчӣ бештар бо ширкатҳои хориҷии дигар ба роҳ монда, бо масолеҳи истеҳсоли худӣ дар бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо кунанд.
Сокинону шаҳрвандонро мебоист, ки дар чунин намоишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, дар истеҳсолот саҳмгузор бошанд, зеро маҳз бо дастгирии тарафайн дар фаъолият ба мувафаққият метавон ноил шуд.

Ф.Музофирова
Д.Сатторов




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво