24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Япония пешниҳодҳо ироа гардиданд

180
Доир ба имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Япония пешниҳодҳо ироа гардидандДар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир ба таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония, зиёд кардани стипендияи MEXT ва осон кардани шароити он барои донишҷӯёни тоҷик, ҷалби грантҳои Япония дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илм барои коҳиш додани таъсири пандемияи ҷаҳонӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пешниҳодҳои мазкур зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода ва Сафири навтаъини Япония дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ ироа гардиданд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода ва сардори раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони ҷопонӣ таълим дода шуда, ҳар сол дар кишвар озмуни забони ҷопонӣ баргузор мешавад.

Зикр шуд, ки Япония дар бунёди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. «Танҳо соли 2019 бо ибтикори Сафорати Япония дар Душанбе ва бо маблағгузории Япония 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд. Умедворем, ки то моҳи сентябр дар ҳамкорӣ бо шарикони Япония сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расанд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм бо Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, ки ба стратегияи 5-солаи JICA дохил карда мешавад, ҳамкории зич дорад», — иброз дошт Вазири маориф ва илм.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати вусъати ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиашонро изҳор доштанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво