29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе оид ба масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд

191
Дар Душанбе оид ба масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шудИмрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мешавад, таҳти унвони «Масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар конференсия муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғафурзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода аз ҳаёти рӯзмарра ва оиладорӣ ба ҳозирин мисолҳои ҷолиби диққат оварда, ҷавондухтаронро барои ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан ва оила барпо кардан панду насиҳатҳо намуда, иброз дошт, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оила мақоми занро дар ташкили зиндагии оилавӣ ба қадри арзанда муайян ва эътироф кардаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан гуфтанд, ки “такяи асосии ман ба бонувон аст”. Яъне давлат занҳову бонувони тоҷикро эътироф мекунад, дини ислом мақоми занҳоро ба дараҷаи баланд бардоштааст. Пас занону бонувон бояд ҳама вақт кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки бо меҳру муҳаббат ва самимият оилаашонро пойдор нигоҳ доранд, зеро пойдории оилаи солим пойдории давлату миллат аст”.


Дар конференсия ҳамзамон зикр гардид, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби зиндагист ва пойдориву солимии оила ба манфиати ҷомеа аст, чунки ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад. Фарзанд муҳимтарин воситаи бақои оила мебошад. Барои тарбияи дурусти ӯ дар оила муҳити боварӣ ва эҳтирому эътимоди ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳоянд, ки дар онҳо нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзандон, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамоянд, бо далелҳои муътамад оварда шудаанд.

Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода тазаккур дод, ки Ҳукумати кишвар муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад.

Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки “фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад”.


Мутаассифона, тибқи омори судӣ, соли 2021 дар судҳои ҷумҳурӣ парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 18 083 ададро ташкил дода, вобаста ба парвандаҳои оилавӣ оид ба рӯёнидани алимент 11 581 адад парванда баррасӣ гардида, аз ин 9429 адад бо ҳалномаи даъво қонеъ карда шудааст.

“Инчунин парвандаҳои оилавӣ оид ба муқаррар намудани падарӣ, ҷои зисти кӯдак ва дигар баҳсҳое, ки аз муносибати оилавӣ баромада, дар судҳо баррасӣ мешаванд, тамоюли зиёдшавӣ доранд”, афзуд Марҳабо Наимзода.

Дар конференсия дигар иштирокдорон низ доир ба Рӯзи байналмилалии оила маърӯза намуда, дар бораи одоби оиладорӣ суханҳои пурмӯҳтаво гуфтанд.

София ШОИКОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво