29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

191
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд12 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданашон табрик гуфта, дуруди гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он ҷониб расонданд.

Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд. Зимнан, нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар асоси заминаи васеи ҳуқуқӣ рушд меёбанд. Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ тавассути татбиқи Барномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 изҳор намуданд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади мусоидат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шаванд.

Аснои суҳбат доир ба масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи сиёсии минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Акс: ММ МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво