26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мешаванд

192
Майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мешавандМайдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур.

Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.

Гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дидан кард.

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ бо лоиҳаи навсозии майдони мазкур шинос гардида, барои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намудани майдони марказии шаҳри Хоруғ пешниҳодҳои мушаххасро баррасӣ намуд.



Акс: МИҲД ВМКБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво