25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ДӮСТӢ — ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара бо иштироки кормандони Сафорати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

191
«ДӮСТӢ — ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара бо иштироки кормандони Сафорати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд11 май дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара чорабинии анъанавии ҳамасолаи «Дӯстӣ — тавассути фарҳанг» баргузор гардид. Дар он ҳайати кормандони Сафорат иштирок намуда, намунаҳои анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойини миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба намоиш гузоштанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД.

Ҳамзамон дар ҳамоиш донишҷӯёни донишгоҳи мазкур, аъзои Шӯрои донишҷӯёни тоҷик, намояндагони мақомоти дахлдори Туркия, корпуси дипломатии муқими кишвар ва намояндагони ҷамъиятҳо иштирок намуданд.

Ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруду оҳангҳои миллии тоҷикӣ, туркӣ, афғонӣ, эронӣ ва дигар кишварҳо пешкаши гардид.

Баъд аз чорабинӣ кормандони сафорат бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Анқара таҳсил мекунанд, мулоқот намуданд.

«ДӮСТӢ — ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара бо иштироки кормандони Сафорати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд


Масъулин бо ишора ба таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, хусусан донишҷӯён онҳоро ба хониши хубу аъло, гирифтани донишу малакаи баланд, аз худ кардани касбу ихтисосҳои барои кишвар муҳим ва риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат даъват намуданд.

Кормандони Сафорат ба донишҷӯён иброз доштанд, ки ҳар яки мо бояд шукри Истиқлол, тинҷиву амонии кишвар ва сулҳу ваҳдати миллиро кунем ва таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду рифоҳи кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва саодати ҳар хонадон заҳмат кашем.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво