25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад

189
Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад
Китобхонаи миллии Русия (КМР) имрӯз, 12 май дар бинои нави худ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳи «Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана»-ро ифтитоҳ менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Китобхонаи миллии Русия хабар доданд, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 12 май, соати 16:00 ба вақти Москва (18.00 ба вақти Душанбе) дар бинои нави Китобхонаи миллии Русия дар суроғаи ш. Санкт-Петербург, хиёбони Московский, 165 сурат мегирад.

«Намоишгоҳ дар бораи таърихи халқи тоҷик- куҳантарин мардуми бумии Осиёи Миёна, инчунин оид ба комёбиҳои ҷумҳурӣ, ки соли 1929 ба ҳайати ИҶШС дохил шуда буд ва Тоҷикистони кунунӣ маълумот медиҳад. Дар намоиш нашрияҳои нодири хазинаи тоҷикии шуъбаи адабиёти миллии Китобхонаи миллии Русия ба маърази тамошо гузошта шудаанд»,-хабар доданд дар дафтари матбуоти китобхона.
Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад
Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад
Миёни китобҳои нодир ёддоштҳои тоҷири бухороӣ Мирзо Шамси Бухорӣ «Дар бораи баъзе воқеаҳои Бухоро, Қӯқанд ва Қошғар», ки шарқшиноси рус Василий Григорйев тарҷума намудааст (Қазон, 1861), асари муаррих Абутоҳир-Ҳоҷӣ «Самария: тавсифи ёдгориҳои таърихии Самарқанд» (Санкт-Петербург, 1904) мавҷуданд. Тамошобинони китобхона бо осори маорифпарварон, шоирон, файласуфон ва олимони тоҷик, аз қабили Аҳмади Дониш, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Умари Хайём, инчунин бо достони миллии «Гуруғлӣ» ва афсонаҳои халқӣ шинос мешаванд.

Яке аз бахшҳо доир ба таърихи хатти мардум, вожаҳои аз забони русӣ иқтибосшуда, хусусияти савтӣ ва алифбои форсӣ нақл мекунад. Қисме аз намоишгоҳ ба мусиқии миллии Тоҷикистон, ороишу нақшу нигори мардумӣ, идҳо, расму оин ва ҳунари таббохӣ бахшида шудааст. Намоишро албомҳои аксҳо пурра мекунанд, ки барои саёҳати маҷозӣ ба шаҳрҳои қадимӣ ва маконҳои сайёҳӣ кумак мерасонанд.

Намоишгоҳ дар асоси маводи шуъбаи адабиёти миллӣ ва Хазинаи китоби Русия ташкил гардида, то 29 май идома мекунад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дода буд, 19 апрел дар Кохи калони Вазорати корҳои хориҷии Русия Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров намоишгоҳи аксҳои ҳуҷҷатиро бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатхои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Точикистон, инчунин дигар кишварҳо- аъзои ИДМ ифтитоҳ намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво