29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ШАШМАҚОМ НУТҚИ ҲУНАРМАНДРО БУРРО ВА МАЪНАВИЁТРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД. Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи шоҳасари мусиқии суннатии тоҷикон таҷлил мешавад

211
Имрӯз, 12 май, соати 17:30 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи шашмақом бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2000 ин сана рӯзи таҷлили мероси суннатии тоҷикон- шашмақом дар саросари мамлакат муқаррар гардид ва барои рушди минбаъдаи ин санъати асил заминаи устувор гузошта шуд.

Шашмақом мусиқии анъанавии мардуми тоҷик буда, таърихи қадимӣ ва ғанӣ дорад. Онро ганҷинаи бебаҳои миллат, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ном мебаранд. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, ба худ дунёи пур аз маърифату маънӣ мегирад. Ба андешаи сарояндагони ин санъат, «шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад».

Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров- эҳёгарони шашмақоми тоҷик
Соли 1949 бо ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Сад­риддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст. Дар он давра ансамбли шашмақомхонон таҳти унвони «Ансамбли ҳофизон» ё «Дастаи мақомсароён» таъсис ёфта, ба он сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ- Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб гардиданд.

Бори нахуст Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзллоев шашмақомро ба шакли адвор (нота) сабт намуданд.

Бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров Фазлиддин Шаҳобов ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, устоди ин жанри классикӣ- Бобоқул Файзуллоевро ба шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) овард. Инчунин Шоҳназар Соҳибов, ки яке аз донандагони хуби ин мусиқӣ буд ва дар шаҳри Тошканд фаъолият мекард, даъват гардид. Сипас аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон донанда ва хонандагони ин мусиқии классикӣ ба пойтахт даъват гардиданд.

Ҳамчунин бо ташаббус ва ҳидоятҳои Бобоҷон Ғафуров китобҳои шашмақом дар панҷ ҷилд нашр гардиданд, ки дар ин кор саҳми Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев хеле назарас мебошад. Ин китобҳо имрӯз асарҳои рӯимизии ҳар хонанда ва донандаи ин мусиқӣ гардидаанд.

Дар роҳи нигоҳдории ин ганҷинаи бебаҳо устодони барҷастаи тоҷик нақши назаррас гузоштаанд. Дар фонди радиои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони сабт шудааст. Инак рӯз то рӯз садову навои ин шоҳкории ҷовидона бо дарди мардум пайванд гашта, зиндагии мардумро тараннум менамояд ва насли ҷавон ба он бештар рӯ меорад.

Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов низ дар ин ҷода фаъолияти самаранок ба роҳ монда, ҳамасола бо барномаҳои наву рангин табъи мухлисонро шод мегардонад.

Рушду нумӯи шашмақом дар даврони соҳибистиқлолӣ
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода иброз намуд, «инак 22 сол мешавад, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ ба шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақому фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи шашмақом ва фалак шароити мусоид муҳайё месозад».

«Мақсад аз қабули барномаи мазкур ва роҳандозии мактаби суннатии «устод-шогирд» аз он иборат аст, ки шогирд дар назди устод панҷ ё даҳ сол таҳсил мегирад. Ӯ бо ҳамон услуб аз устод на танҳо оҳанг меомӯзад, балки ҳамаи он сифатҳои беҳтарини устодашро чун намунаи ибрат қабул карда, меҳраш ба ин касби нозук устувор мешавад. Меҳри касбро ба дили шогирд ворид кардан бисёр кори душвор аст ва маҳз услуби таълимии устод ва шогирд ин вазифаи хеле ҳам муҳимро иҷро мекунад»,- зикр кард Хуршед Иброҳимзода.

Бояд гуфт, ки имрӯз муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии шашмақом саҳми назаррас доранд.

Хуршед Иброҳимзода иброз намуд, ки «ҳоло дар муассисаи мо барои омода намудани сарояндагони ин санъат беҳтарин устодони соҳа ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи насли имрӯза саҳми босазо мегузоранд. Инчунин баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба муаррифии беҳтарин овозхонҳои ин жанр мусоидат менамояд. Зеро дар он аз ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат довталабоне иштирок мекунанд, ки дар симои онҳо шашмақомсароёни номдорро метавон дид. Танҳо бо онҳо ҷиддӣ кор кардан зарур аст. Боварӣ дорам, ки баъди чанд соли баргузории ин озмун нобиғаҳои санъати шашмақомсароӣ дар берун аз мамлакат шуҳратёр мегарданд».

Дар Тоҷикистон ин мусиқиро шашмақом, дар Озарбойҷон муған, дар Узбекистон мақом, дар Эрон дастгоҳ ва уйғурҳо муға ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Узбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ иҷро карда мешавад. Дар Ҳиндустон жанре бо номи рага аст, ки он ҳам ба монанди мусиқии классикии шашмақом ва фалак мусиқии халқии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ шашмақомро шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ низ мегӯянд.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

«Шашмақом мусиқии суннатист ва ба таври маҷбурӣ ягон касро наметавонем ба ин жанр ҷалб созем. Ҳар кас вобаста ба завқу хоҳиши худаш онро интихоб мекунад. Касро маҷбурӣ ба шашмақом ҷалб кардан кори ношуданист. Устодони гузаштаи мо Ҳоҷиабдулазиз Расулов, Содирхонҳофизи Хуҷандӣ, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Нерё Аминов, Барно Исҳоқова дар такя ба пардаҳои шашмақом сурудҳои олие эҷод намудаанд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Мо шогирдони хуб дорем ва боварӣ дорам, ки дар оянда онҳо бори шашмақомро бар дӯш гирифта, онро шуҳратёр мегардонанд. Яъне, идомадиҳандагони мусиқии ниёгон дар ҳама вақт пайдо мешаванд»,- гуфт мудири кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода дар хатми суҳбат.

АКС аз бойгонии шахсии Хуршед Иброҳимзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво