23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Дуюмин меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент доир гардид

274
«Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ки дар он 130 нафар ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт. Дар ин бора мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода хабар дод.
«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Дуюмин меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент доир гардид
Зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои банақшагирифта ҷойгир карда шуданд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ пайдо намудан бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 54 нафар ҷавонони фаъоли ВМКБ ҷиҳати иштирок дар ин меҳмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 6 май сафарбар карда шуда, давоми як шабонарӯз меҳмони ҷавонони ноҳияи Ш. Шоҳин гардиданд. Рӯзи дуюм бо Донишгоҳи давлатии Данғара ва Осорхонаи мактабии Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара шинос гардиданд.

Баргузории чунин меҳмонӣ то охири сол идома ёфта, дар маҷмӯъ тибқи нақша 9 меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир карда мешавад. Дар ҳар меҳмонӣ иштироки 130-150-нафарӣ ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво