29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Зимни бунёди иншооти давлатӣ масъулин бояд тамоми масолеҳи заруриро аз дохили ВМКБ дастрас намоянд

170
Соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бояд ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд. Ҳангоми сохтмони иншооти давлатӣ дар ҳудуди вилоят масъулини сохтмон бояд тамоми масолеҳи сохтмониро аз дохили вилоят дастрас намоянд, ки ин метавонад ба фаъолияти кории соҳибкорони маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ин нуктаро Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни баргузории ҷаласаи корӣ иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 ба тасвиб расид. Дар ин санад фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва кам намудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои гузашта бораи дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторийҳои гуногун низ ҷорӣ намуда буд, ки онҳо дар беҳтар гардидани натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорӣ самараи дилхоҳ доданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ВМКБ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ иштирок намуда, масъалаи саноатикунони босуръати мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Алишер Мирзонабот ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят супориш дод, ки барои тайёр намудани либоси мактабӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии ВМКБ шартномаҳои ҳамкорӣ бастанд.

Акс: МИҲД-и ВМКБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво