6 июл 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз «Оташи хотира» аз Москва ба Душанбе меояд

10
Имрӯз «Оташи хотира» аз Москва ба Душанбе меоядИмрӯз, 7 май, созмондиҳандагони иқдоми «Оташи хотира» заррае аз шуълаи Оташи абадии оромгоҳи сарбози номаълум, воқеъ дар Москваро ба Душанбе меоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз аз намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон хабар доданд.

«Рӯзи шанбе, 7 май, соати 12:30 дар Мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (кӯчаи Шевченко, 109) маросими супоридани капсулаи «Оташи хотира», ки дар Оташи абади оромгоҳи сарбози номаълум дар Москва афрӯхта шудааст, баргузор мегардад. Тибқи рисолати ин иқдом, заррачаи Оташи абад дар капсулаҳои махсус барои нигаҳдории доимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ интиқол дода мешавад, то насли наврас таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро донанд ва гиромӣ доранд», — гуфтанд дар намояндагии «Россотрудничества».

Иқдоми «Оташи хотира» чун анъана дар арафаи Рӯзи Ғалаба баргузор мешавад. Имсол ширкаткунандагони иқдом ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар 17 вилояти Русия ва 12 давлати ширкаткунандаи ин иқдом муқим ҳастанд, чароғҳои дорои зарраҳои Оташи абад месупоранд. Раҳпаймоӣ 6 май аз Боғи Александр дар Москва оғоз гардид. Ҳамчунин чароғҳои оташдор ба Арманистон, Исроил, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Беларус интиқол дода мешаванд.

Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Анна Попова / АиФ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво