25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид

324
Ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолии кишвар, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии он, инчунин мубориза бо бемориҳои сироятиро дар қатори афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш доир ба баррасии ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баён гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кристофер Барретт, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Рустам Нуров, директори минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова ва роҳбарони якчанд муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки тайи ҳар муддати муайян бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ, тадбирҳои андешидашаванда ва натиҷаҳои бадастомада барномаҳои миллӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияҳои таҷрибавӣ навори видеоӣ пешниҳод гардида, якчанд мутахассисони соҳа доир ба ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Пешниҳоди Дастурамал оид ба идоракунии ҳамгироишудаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳо сухан гуфтанд.



АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво