17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Сангвор ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Достӣ Умедов туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шуданд

78
Дар ноҳияи Сангвор ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Достӣ Умедов туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шудандДар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ як нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Достӣ Умедов боқӣ мондааст, ки дар деҳаи Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар арафаи таҷлили солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати мамлакат, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Сангвор ба аёдати ин пири барнодил рафтанд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии иштирокчии ҶДҶ аз наздик шинос шуда, салому паём ва туҳфаҳои Сарвари давлатро ба ин марди ватандӯст супорид.

Зикр гардид, ки ба қадри хизмату ҷонбозиҳои ин мардони шариф, ки баҳри ҳимояи Ватан дар он набарди таърихӣ бар зидди душмани қаттол сина сипар намудаанд, бояд расид, зеро шумораи онҳо сол ба сол кам мешавад.

Пири барнодил Достӣ Умедов аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат пайваста бархурдор буда, аз расидани кумаки навбатӣ бениҳоят хушҳол шуда, дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво