«МО БА ШУМО ЭҲТИРОМ ДОРЕМ!». Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои Пешвои миллат расонида шуданд![]() ![]() Дар маросими супоридани туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мӯсоева, ҷавонону фаъолон ва пайвандони собиқадори ҷанг иштирок намуданд. Ҳамзамон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба Мухтор Заргаров ва се нафар заҳматкашони ақибгоҳ туҳфаи молӣ тақдим гардид. Мухтор Заргаров дар ин маросим иброз намуд, ки «ҷавонони ҷумҳурӣ бояд шукронаи осудагию тинҷӣ ва сулҳу субот намуда, зери сиёсати Сарвари давлат Ватан-модарро ҳамеша аз душман ҳифз намоянд. Ман шукрона менамоям, ки имрӯз бар ивази он ҳама азобу машаққате, ки барои ҳифзи Ватану модар дар давраҳои ҷанги фашистӣ кашидем, ҳамасола аз ғамхорию қадрдониҳои Сарвари давлат баҳравар мешавем ва аз аҳволи мо ҳамеша бохабар ҳастанд». АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |