6 июл 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

25 нафар занону духтарони ВМКБ ба курси «Зан – сарвар» ҷалб гардиданд

12
25 нафар занону духтарони ВМКБ ба курси «Зан – сарвар» ҷалб гардидандДар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон таҳти унвони «Зан — сарвар» курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.

Дар курси мазкур ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки “ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст. Курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтарони то 40-сола, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд”.

Мавсуф афзуд, ки «бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд».

Ҳамоҳангсози курси мазкур Исматуллои Шерхон иттилоъ дод, ки дар ба ин курс 25 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардида, дар 3 давра таҳсил намуда, ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд. Инчунин дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи «Зан — сарвар» соҳиби диплом мегарданд, ки дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Мавриди зикр аст, ки курси омӯзиши дуалии «Зан — сарвар» барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон аз соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра 128 нафар шунаванда аз вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд.

Ҳадаф аз баргузории курсҳо- мусоидат намудан ба азхуднамоии донишҳои зарурӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво