Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Испания, Индонезия, Тайланд ва Малдив дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд![]() ![]() Дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон аз аҳамияти рушди самти сайёҳӣ сухан гуфта, оид ба рушди ҳамкории муштарак дар ин самт табодули афкор намуданд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар Ню–Йорк ҳамзамон бо Вазири соҳаи сайёҳӣ ва иқтисоди созандаи Индонезия Сандиага Салоҳиддин Уно вохӯрда, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо доир ба зарфият ва имконоти сайёҳӣ ва таҷрибаи Тоҷикистон ва Индонезия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуданд. Инчунин дар доираи мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд, Тоҷиддин Ҷӯразода бо Вазири соҳаи сайёҳии Малдив Абдулло Мавсум ва Намояндаи доимии Шоҳигарии Тайланд дар СММ Сурия Чиндавонгсе мулоқот анҷом дод. Мусоҳибон аҳамияти рушди соҳаи сайёҳиро таъкид намуда, доир ба густариши ҳамкории дуҷониба дар ин замина табодули назар карданд. АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |