25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

67
«Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шудДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо» бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсил барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд ва бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имкони таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд.

Усмонҷон Ахмедов афзуд, ки алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии донишкада дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди ИМА, Олмон, Русия, Корея Ҷанубӣ ва ғайра фаъолият доранд.

Раванди таълим ба воситаи портали омӯзишии www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Таъминоти барномавии он дар асоси омӯзиши системаҳои таҳсилоти фосилавии мамлакатҳои пешқадам аз тарафи барномасозони худи донишкада тартиб дода шуда, ба шабакаи глобалии интернет пайваст аст ва бинобар ин, новобаста аз масофаи ҷойгиршавии байни устоду донишҷӯ раванди таълим амалӣ мегардад.

Дар портали мазкур 320 кабинети инфиродӣ барои донишҷӯён, 103 кабинети инфиродӣ барои устодон ва 4 кабинети инфиродӣ барои кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ омода карда шудааст. Барои ташкили муоширати зинда бо омӯзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудаанд, ки аз ҳар фан давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва ҳам донишҷӯ будан аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Назира Бобоҷонова дар мавзӯи «Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки яке аз хусусияти асосие, ки ба баланд намудани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ мусоидат мекунад, назорат ва идоракунии фаъолияти устод ва донишҷӯ дар сомона аст. Фаъолияти устод аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавии донишкада назорат бурда шуда, барномаи таълимӣ (силлабус), маводи лексионӣ, намунаҳои иҷрошудаи супоришҳои ҷорӣ ва супоришҳои имтиҳонӣ ва санҷишҳои марҳилавӣ, видеонаворҳои кӯтоҳмуддати дарс аз тафтиш мегузаранд.

Дар ҷамъомад инчунин дар мавзӯъҳои «Омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ», «Шаклҳои ташкили машғулияти таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

АКС: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво