Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад![]() ![]() Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд. Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад. АКС аз бойгонӣ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |