19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба минтақаи Кӯлоб нақлиётҳои сайёри тиббӣ тақдим гардиданд

168
Ба минтақаи Кӯлоб нақлиётҳои сайёри тиббӣ тақдим гардидандБа минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нақлиётҳои сайёри тиббии калонҳаҷм, ки дар онҳо ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ — индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд, тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросими расмии тақдими нақлитҳои сайёрии тиббӣ 7 май дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон Ал-Решайдон, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони Барномаи хайриявии Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз ва сокинон баргузор гардид.

Дар маросим доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз гардид, ки тақдим ва дастрас шудани нақлиётҳои сайёри тиббии мазкур баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақаи Кӯлоб саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Баъд аз маросими расмӣ меҳмонон бо клиникаҳои сайёр шинос шуданд.


Дар идомаи сафар меҳмонон ба Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, дар ин ҷо бо гӯшаи ашёҳои таърихӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии минтақа шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонида шуда буд. Ин кумак аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ тавассути Бонки исломии рушд тақдим гардидааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво