29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон ҳамоишу барномаҳо доир мешаванд

216
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон ҳамоишу барномаҳо доир мешаванд Аз 21 апрел то 1 июн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» ҳамоишу барномаҳо ҷараён мегиранд. Баргузории ҳамоиши мазкур дар фазои таълиму тарбия падидаи нав буда, дар доираи он чил навъи барномаҳо, ба монанди мусобиқоти варзишӣ, рассомӣ, нақшдӯзӣ, иншонависӣ, шеърхонӣ, озмунҳои зеҳнӣ, маҳфилҳои адабӣ, тамошои намоишҳои театрӣ, сайри осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои «Ихтироъкори беҳтарин», «Хонандаи сол-2022», «Барномасози беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дӯзандаи беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Умед Муродов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, иқдоми мазкур бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ, малакаи эҷодкории насли наврас, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб миёни ноболиғон, дастгирии кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои беҳтарин аз миёни кӯдакону наврасон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво