29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон тақрибан 70 фоиз ба анҷом расид

229
Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон тақрибан 70 фоиз ба анҷом расидШурӯъ аз якуми апрел иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат тақрибан 70 фоизро ташкил намуд. То ин замон 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар ин бора имрӯз сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре зикр шуд, аз якуми апрел дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд.

“Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд”, — зикр намуд сухангӯи Вазорати мудофиа.

Миёни дигар минтақаҳои кишвар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол пешсаф буда, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват нақшаи пешбинишударо давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 70 % иҷро намуданд. Дар ин муддат аллакай ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.


Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз дар рӯзҳои нахустин ва давоми як моҳи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ноҳияҳои Н.Хусрав, Ш.Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят қариб ба 70 фоиз баробар намуданд.

Маросими бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва дорои маълумоти олӣ баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво