3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд

273
111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд 111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, устодони донишгоҳ ва наваскарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад. Ҷавонони донишгоҳ имрӯз омодаанд дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ барои дигарон намунаи ибрат бошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳудуди 100 нафар танҳо аз факултети ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 18 факултети дигари донишгоҳ низ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.


Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноию маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода барои ин гуна ҷавонон имтиёзҳо (мусоидат ба имтиҳоноти хатм ва қабули бе навбат ба магистратура)-ро муайян намуд.

АКС: ДМТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво