ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хизмати Ватан камар бастанд
278
13 нафар хатмкунандагони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.
Ба ин муносибат дар саҳни донишкада барномаи хотимони фарҳангӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ин амали дастпарварони донишкадаро барои дигар ҷавонон намунаи ибрат номида, аз ҷумла, изҳор дошт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯсту худшинос мактаби ҷасорату диловарист. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқонаву самимона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд». Зикр шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон шараф ва муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт аст. Мавриди зикр аст, ки дар посух ба ин амали намунавии донишҷӯён барои онҳо аз ҷониби раёсати донишкада якчанд имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |