28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 3-4 май дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон омадани сел аз эҳтимол дур нест

199
ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 3-4 май дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон омадани сел аз эҳтимол дур нестАгентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 3-4 май дар якчанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ғайр аз ин хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар низ дар пай дошта бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлӣ ва киштзорон накунад.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво