ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хуҷанд якчанд корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд
99
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилоят сохтмони корхонаи бузурги саноатии истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калонро, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав — «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд шудааст. Маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ аст ва марҳила ба марҳила ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад. Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он то 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин ва дар ояндаи наздик баъди пурра бакорандозии корхона беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар ин ҷо халтаҳои калонҳаҷми андозааш аз 500-килоӣ то 3-тоннаӣ истеҳсол карда мешаванд, ки асосан барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудаанд. Барои истеҳсоли бомароми маҳсулот сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ таъсис дода мешаванд. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» иттилоъ доданд, ки рӯзҳои наздик таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насбу васл карда мешаванд. Зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонии корхонаи коркарди санг дар заминаи ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» иттилоъ дода шуд, ки он ояндаи наздик бо истифода аз масолеҳи хоми ватанӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо иқдоми як гурӯҳ соҳибкорони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ ояндаи наздик коргоҳи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонад, ки он воридотивазкунанда мебошад. Дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешаванд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудаанд, таъкид намуд, ки бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуда, ба рушду тараққиёти шаҳри Хуҷанд такони ҷиддӣ мебахшад. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |