11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омодагии «Боғи Ғалаба» -и шаҳри Душанбе барои баргузории чорабинии идона

830
Бахшида ба ҷашни 72 — юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе паради ботантанаи ҳарбӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Боғи мазкур тибқи нақша корҳои ташкилию фарҳангӣ ва омодагиҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Имрӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин боғ бо ҷараёни корҳо бевосита шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 72 — юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 тасдиқ гардида, баъди гузаштани паради ҳарбӣ дар «Боғи Ғалаба» баргузории сайругашти оммавӣ ва консерти идонаи ҷавонони пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
Файзалӣ Қурбоналиев, директори МД «Боғи Ғалаба» зикр кард, ки дар муассиса корҳои омодагӣ бахшида ба баргузории ҷашни Рӯзи Ғалаба имрӯзу пагоҳ пурра ба анҷом мерасанд. Кормандони боғ бо масъулияти баланд корҳои таъмиру тармим ва сабзкориро ба ҷо оварда, ба ин васила саҳми худро дар ободонии пойтахт мегузоранд.
«То имрӯз дар МД «Боғи Ғалаба» 2020 бех ниҳолҳои соафякан ва ороишӣ шинонида шуда, бо мақсади гузаронидани чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар атроф ва роҳравҳои он 85 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ, ки аз 12 намуд иборатанд, шинонида шудаанд. Ҳамчунин роҳравҳои боғро зиёда аз 220 адад гулдонҳои махсус бо гулҳои рангоранг оро медиҳанд», — афзуд Ф. Қурбоналиев.
Бино ба иттилои А.Ҳакимзода, дар қисмати дуюми чорабинӣ қасамёдкунии наваскарон ва гулгузории беш аз 3000 нафар ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Ҷавонон ба хотири пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи абадӣ» -и «Боғи Ғалаба» ҳамчун рамзи эҳтиром ба иштирокдорони он гул гузошта, садоқати худро ба диловарони Ватан изҳор менамоянд.
«Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кумакпулии якдафъаина 719 900 (ҳафтсаду нуздаҳ ҳазору нуҳсад) сомонӣ ба иштирокдорон ва ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокгардида, ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ ҷудо гардид»,- афзуд А.Ҳакимзода.
Бино ба маълумоти Раҳматулло Кудратов, раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар шаҳри Душанбе 55 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунанд, ки 1 нафари онҳо зан мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво