29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни ҷангро аёдат намуданд

152
Дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни ҷангро аёдат намуданд Бо мақсади аёдат намудани ду нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки ҳоло дар ноҳияи Ашт давраи пирӣ меронанд, намояндагони Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Вараламов ва Масан Роман ба ноҳияи Ашт омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмононро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт роҳбаладӣ намуданд.

Меҳмонон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон)-ро хабар гирифта, аз заҳматҳою қаҳрамонии онҳо ёдовар шуданд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз намуд, ки заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни ҶДҶ ва хизматҳои шоёни онҳоро дар ҷодаи ба даст овардани ғалаба давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Дар фарҷоми мулоқот Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуо бардоштанд.

Баъдан намояндагони Консули генералӣ Андрей Вараламов ва Масан Роман ба МТМУ рақами 2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Мактаби хусусии «Нури Раҳмон»-и Ҷамоати деҳоти Ашт рафта, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати хосса анҷом доданд.

АКС: МИҲД н.Ашт




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво