25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

954
Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 5 май гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватаниро (ҶБВ) аз ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат намуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд. Саидмурод Фаттоҳзода аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид.

Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба ҳар иштирокчии ҶБВ 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси ноҳияро супорид.

Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг зиндагӣ доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво