25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шаҳри Бӯстон маъракаи даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонид

252
Шаҳри Бӯстон маъракаи даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидШаҳри Бӯстони вилояти Суғд чорабинии даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, боздиди волидайн аз қисмҳои ҳарбӣ, баргузории чорабиниву мусобиқаҳои ҳарбӣ-ватанпарастии дорои хусусияти тарбиявию маърифатӣ яке аз аввалинҳо шуда дар вилояти Суғд даъвати баҳории ҷавонони солҳои таваллудашон 1995-2004-ро ба сафи ҚМ ҶТ ба анҷом расонид.

Инчунин корбарии дастҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» низ ба ҷамъбасти саривақтиву босифати даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матиниродаи шаҳри Бӯстон бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиамонро муҳофизат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли равон дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарияти вилоят, шаҳр, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони ватандӯсти шаҳр ва волидайни онҳо Рӯзи даъватшаванда бо барномаи тантанавӣ доир гардида, як гурӯҳ ихтиёриёни ҷавони шаҳри Бӯстон мутантан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво