24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома доранд

231
Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома дорандДар шаҳри Конибодом сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бомаром идома дошта, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти мазкур шинос гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом соли 2018 оғоз ёфта, 90 дарсади корҳо дар иншооти мазкур ба анҷом расидааст. Бинои маъмурӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорону ташкилотҳои ибтидоӣ бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ҷойгир буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони ҳизб шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома доранд


Раиси вилоят ҳамчунин бо корҳои навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, ки дар масоҳати 2000 метри мураббаъ ҷойгир аст, шинос шуд. Навсозии боғи мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон амалӣ гардида, дар ҳудуди он дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонии онро ҶДММ “Архикад” ба зимма дорад.

Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома доранд


Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид барои татбиқи пурраи лоиҳа, бунёди иншооти ёрирасон ва дар маҷмуъ ташкили макони муосири истироҳатӣ ба сокинон ба масъулин супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво