19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корҳои таъмиру навсозӣ дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд вусъати тоза мегиранд

773
Таҷдиду навсозии шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд (Исфара-Конибодом–Хуҷанд-Ҷ.Расулов) як сол мешавад, ки идома дошта, пас аз ба истифодадиҳии он роҳи мазкур на танҳо барои рафту омади сокинони ин минтақа хизмат мекунад, ҳамчунин он Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамсоякишварҳо пайваст менамояд.
Тавре муҳандиси минтақавии роҳи мазкур Мавлон Умаров иттилоъ дод, имрӯзҳо аз 68 км роҳи таҷдидшавандаи ин шоҳроҳ корҳо дар ҳамаи минтақаҳо босуръат ҷараён дошта, мутахассисон барои босифат ба анҷом расонидани корҳо саъю талош доранд. Ҳоло барои анҷоми корҳои роҳсозӣ 450 нафар кормандон-мутахассисон, ки аз он 90 фисадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва 114 адад техникаҳои гуногунтамғаи роҳсозӣ ҷалб гардида, бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ корҳои сохтмонӣ рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.
Мувофиқи нақша бо фаро расидани ҳавои гармтар мутахассисон ба корҳои асфалтхобонӣ, бунёди фарши роҳ дар қитъаҳои роҳ оғоз хоҳанд намуд. То имрӯз аз ҷониби пудратчӣ дар тамоми минтақаҳо корҳои роҳсозӣ, чун кандани асфалти роҳ, сохтани таҳкурсиҳо, нав кардани қубурҳои обгузар ва оҳану бетонӣ, сохтмони пулҳо, корҳои бетонӣ дар канори роҳ ва дигар қисматҳои корҳои лоиҳавӣ ҷараён доранд.
Бунёди роҳи мазкур мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалии дараҷаи ду ба роҳ монда шуда, таҷдиду навсозии шоҳроҳи мазкур охири соли 2018 ба анҷом мерасад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво