17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд

82
ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шудДар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ имрӯз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар (ҶҲАҚ) ба 300 нафар кумаки хайриявӣ дар шакли бастаи маводи хӯрока расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази иттилоти ҶҲАТ хабар доданд.

Бастаи маводи хӯрока аз орд (50 кг), равғани растанӣ (3 л) ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал (16,4 кг) иборат буда, тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» (100 баста), Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Тоҷикистон (50 баста), Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Данғара (20 баста), Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ (20 баста), ноҳияи Рӯдакӣ (20 баста), ноҳияи Ёвон (20 баста), муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (15 баста) ва ба 55 нафар шаҳрвандон дар асоси аризаи пешниҳодкардаашон расонида шуд.

ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд


Бояд тазаккур дод, ки ҶҲАҚ яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, дар доираи татбиқи лоиҳаи дигар рӯзҳои наздик расонидани кумаки башардӯстона дар шакли бастаҳои сару либос, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва кампалҳо ба 150 оила дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Тавилдара дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, Ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад.

ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд


ДАР АКС: Рафти тақсимоти кумак ба нобиноён дар Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон». Акс: Маркази иттилоти ҶҲАТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво