25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Somon Air» дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом медиҳад

109
«Somon Air» дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом медиҳадШурӯъ аз 2 май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳояшро дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе зиёд менамояд. Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои душанбе ва чоршанбе сурат мегиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Парвозҳо дар рӯзҳои душанбе аз Душанбе соати 11:30, аз Алмаато ба Душанбе — соати 15:35, рӯзҳои чоршанбе аз Душанбе соати 10:00, аз Алмато — соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қазоқистон сафар мекунанд, бояд маълумотномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ (муҳлати эътибораш 3 шабонарӯз аз замони гирифтани маводи биологӣ то вуруд ба қаламрави Қазоқистон) бо забони русӣ ва ё англисӣ пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони то 5-сола пешниҳоди маълумотнома лозим нест. Барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон мусофирон бояд гувоҳномаи гирифтани ваксинаро (пурра ва ё қисман) пешниҳод намоянд. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофиронро пешниҳоди маълумотномаи ПСР-тест бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво