25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд

218
Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд24 апрел Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо раиси шаҳри Кумамотои Ҷопон Казуфуми Онишӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон ва зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд.

Аз Казуфуми Онишӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун раиси шаҳри мизбони Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни соли 2022 дар Душанбе) иштирок намояд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати Тоҷикистон бо вакили Палатаи намояндагон, собиқ вазири адлияи Ҷопон Йоко Камикава мулоқот кард. Ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе ва ҳадафу нақши калидии он дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи обро муҳокима карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво