25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WT ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад

143
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WT ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинадРаиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо WT вохӯрӣ намуд, хабар доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохурӣ масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсия, сармураббӣ ва варзишгарони умедбахши таэквондо WT иштирок намуда, пешниҳод карданд, ки ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамзамон Бозиҳои Осиёӣ, Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузории машқҳои таълимии варзишии дохилӣ ва берун аз кишвар зарур буда, таъминот бо маводи фармакологӣ, либосҳои махсуси варзишӣ ва либосҳои ягонаи варзишӣ мушкилии асосии дастаи мунтахаби кишвар мебошад.

Раиси Кумита ба масъулин ҷиҳати дастгирии дастаи мунтахаби кишвар дастурҳои мушаххас дода, онҳоро вазифадор намуд, ки барои фароҳам овардани шароити зарурӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво