18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Бруней Доруссалом ба Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе даъват шуданд

164
Намояндагони Бруней Доруссалом ба Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе даъват шудандВазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Вазири рушди Давлати Бруней-Доруссалом Дато Сери Сетиа Ир Аванг Ҳоҷӣ Суҳайнӣ бин Ҳоҷӣ Ғафор 23 апрел дар Ҷопон мулоқот карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, аз вазири брунейӣ даъват карда шуд, ки бо Тоҷикистон дар тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни 2022 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамкорӣ сурат гирад.

23 апрели соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон идома меёбад, иштирок намуд.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида маросимро ифтитоҳ намуд. Дар он ҳамчунин императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Туркманистон, Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Бутан, Ветнам, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва муовини Сарвазири Узбекистон ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Саммит аҳамияти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардида, нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар раванди омодагӣ ба баргузории он конфронс таъкид гардид.

Дар санади ниҳоии Кумамото пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ қабул карда шудааст, дарҷ гардидааст.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво