29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад

410
БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардадБа истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда санги асоси бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳрро гузошт. Бинои мазкур дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр сохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, бинои маъмурӣ дуошёна бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ «Авитсенна» муайян шудааст.

Қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр яке аз идораҳои ободонии шаҳр маҳсуб ёфта, ба тавозуни он беш аз 8000 адад нуқтаҳои чароғонкунии шаҳр мансубанд ва дар он 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Идораи мазкур ба бинои феълӣ ҳанӯз соли 1972 кӯчида омада, бинои он хеле фарсудаю корношоям гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба санаҳои таърихии миллат бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз нав сохта шуда, барои кормандони ин ниҳод тамоми шароити замони муосир муҳайё мегардад.

Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки бино бояд бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бунёд шавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво