23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон

742
Дар доираи ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, миёни ширкатҳои «Amitech Astana»-и /Амитех Астана/ Қазоқистон ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ қарордод ба имзо расид.
Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон Ҷамшед Убайдуллоев, роҳбари ширкати «ПластСервис» ва аз ҷониби Қазоқистон мудири «Amitech Astana» Расул Раҳматов ба имзо расониданд.
Интизор меравад, ки бо имзои ин санад ширкати «ПластСервис» аз Қазоқистон барои бахши сохтмон, гидроэнергетика ва соҳаҳои обёрию ирригатсионии Тоҷикистон трубина ва қубурҳои сохти ширкати «Amitech Astana»-и Қазоқистонро ворид намояд.
Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон
Дар ин росто Нурлан Сейтимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори мо гуфт, ки соҳибкорони Қазоқистон барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан дар татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талош доранд.
Дипломати қазоқ афзуд, ки ширкати «Amitech Astana» бо мақсади рушди соҳаи гидроэнергетика дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон бо ширкати «Помир энерҷӣ» низ ҳамкорӣ менамояд.
Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво