25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ҳамкориро бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ муҳим арзёбӣ намуд

90
Тоҷикистон ҳамкориро бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ муҳим арзёбӣ намуд22 апрел мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Мудири иҷроияи Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Вейсюн Чен баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амният, аз ҷумла аҳамияти татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» — ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво