12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

18 апрел — Рӯзи байналмилалии ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад

1755
Бо қарори ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 1984 ҳамасола 18 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин мавзӯъ Шералӣ Хоҷаев, номзади илмҳои бостоншиносӣ, мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард:

-Бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1950 оғоз гардида, тибқи рӯйхати мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159 адад ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношуда ва давраи дуюми бақайдгирии он соли 1971 сурат гирифта, 2020 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалиро дар бар мегирифт.

Маҳз дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ин соҳа рушд ёфта, шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Таъсиси Муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Умуман дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар шумораи кормандони соҳа аз 48 нафар ба 161 воҳиди корӣ расида, таваҷҷуҳ ва муносибат бо мероси ниёгон ва худшиносии миллию ватандӯстӣ хеле боло рафтааст.

Дар ин давра бобати корҳои тармиму барқарорсозӣ ва маҳфузмонии ёдгориҳои моддӣ зиёда аз 50 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба маблағи умумии 35987 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст. Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории Мақбараи Зайналобиддини ноҳияи Ҷиликул, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритус, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Мақбараи Абулқосими Гургонӣ дар ноҳияи Айнӣ, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Мавлоно Қутбиддин дар ноҳияи Балҷувон, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Шаҳидҷон дар ноҳияи Данғара, Масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ дар шаҳри Истаравшан, Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳ дар шаҳри Панҷакент, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, мақбараҳои Хоҷаи Нур ва Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Муъминобод, Қалъаи Вомари ноҳияи Рӯшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мӯъминобод, ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Ҳисор, Қалъаи Ўрда дар шаҳри Исфара, Масҷиди Чилсутун дар ноҳияи Деваштич, Қалъаи Муғтеппа дар ноҳияи Шаҳристон номгӯи як миқдор ёдгориҳоеанд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар мавриди омӯзиш, тармим ва барқароргардӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин аз соли 1991 то имрӯз дар ҷумҳурӣ 14 номгӯй санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таъихию фарҳангӣ қабул гардидаанд. Соли 2016 лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, ба Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» пешниҳод гардид. Тибқи лоиҳаи мазкур миқдори умумии ёдгориҳои моддӣ дар ҷумҳурӣ 3047 адад муайян гардидааст. Ин рақам ниҳоӣ набуда, бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд.

Баъди гузаронидани расмиёти зарурӣ шакли электронии Феҳрист ба бойгонии шабакаи ягонаи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул гардида, марҳилаи якум солҳои 2012-2015-ро дар бар гирифт. Дар ин давра 20 ёдгории таърихию фарҳангӣ таъмиру барқарор гардиданд.

Марҳилаи дуюми амалигардонии он солҳои 2016-2020 оғоз ёфта, ба он тармим ва барқарорсозии 23 ёдгории нисбатан бузург, аз қабили ёдгориҳои меъмории мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ дар ноҳияи Ховалинг, Қалъаи Муъминобод, мақбараи Хоҷаи Заррин дар ноҳияи Данғара, Муғтеппа дар шаҳри Истаравшан, Мадрасаи Абдуллохон дар шаҳри Исфара ва Қалъаи Вомар дар ноҳияи Рӯшон ворид гардидаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи барномаи давлатӣ дар маҷмӯъ таъмиру тармими 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дохил шуда, 17 ёдгорӣ тармим, 11 ададаш барқарор, 8 ададаш нигаҳдошт, 5 –тоаш қисман барқарор ва 2 адади дигар тармим хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он маблағҳои буҷавӣ мебошанд.

Дар иртибот ба талаботи Феҳристи объектҳои таърихию фарҳангӣ ва бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» корҳои амалӣ идома дошта, ҳамзамон татбиқи нақшаи «Тарғиби ёдгориҳо тавассути ЮНЕСКО»шурӯъ гардид.

Баҳри тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар китоби «Роҳи Абрешим» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, харитаи «Ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим», инчунин мақола ва тақризҳои рисолаҳои илмӣ ба чоп омода гардиданд.

Пешбурди корҳои ҳуҷҷатнигории бахшҳои ёдгориҳои бостонии «Шаҳраки Бунҷикат» тавассути гузаргоҳи «Панҷакент-Самарқанд-Пойканд», «Дайри буддоии Аҷинатеппа» тавассути гузаргоҳи «Амударё», Маҷмааи меъмории Қалъаи Хуҷанд ва тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ЮНЕСКО дар арафаи анҷомёбианд.

Ҳамзамон соли ҷорӣ анҷом додани тадқиқоти бостоншиносӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳи кӯҳӣ, Восеъ, Сангвор ва Рашт пешбинӣ гардида, ворид намудани як зумра ёдгориҳо ба Мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, инчунин тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ тавассути интишорот ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси дархости шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ семоҳаи аввали соли равон 21 ташхиси тахассусӣ ва як ҷаласаи Комиссияи экспертизаи бадеӣ баргузор гардида, аз ҷумла ба муҷассамаи Сайфиддини Исфарангӣ дар шаҳри Исфара, китоби комили Қуръони Карим мансуб ба асри 18, ки аз қочоқчиён боздошт гардидааст, ба 5 адад маводи номатлуб ва 14 адад сарватҳои фарҳангӣ хулоса ва маълумотнома пешниҳод гардид.

Муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ –«Тоҷик МДМЁ» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфраструктураи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб лоиҳаи девори қисми шимолӣ, манора-дидбонгоҳи мудофиавӣ, ободонӣ ва бо обтаъминнамоии гулгашти Қасри Ҳулбукро ба маблағи 1 миллион сомонӣ омода ва ба ташхиси давлатӣ пешниҳод намуд.

Соли ҷорӣ барои корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории Қалъаи Ҳисор 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои амалӣ оғоз ёфтанд.

Танҳо дар 3 моҳи соли 2017 аз Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор» 5312 нафар дидан намуда, даромади муассиса аз ҳисоби хизматрасонӣ 12 382 сомониро ташкил дод.

Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук» бахшида ба таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ лоиҳаи роҳнамо бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия гардида, экспозитсияи осорхона қисман таҷдид шуда, дар ин давра 1885 нафар аз он дидан намуданд.

Аз Муассисаи давлатии Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд дар 3 моҳи соли 2017 815 нафар шаҳрвандони кишвар ва 57 нафар сайѐҳони хориҷӣ дидан намуда, маъмуриятти муассиса 4 намоиши сайёрро ташкил намуд.

Зимнан, аз Осорхона- Мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара дар ин муддат 1383 нафар шаҳрвандони кишвар ва 305 нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуда, маъмурияти Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар ҳамкорӣ бо кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин тадқиқот анҷом дода, аз мавзеи таърихии Сари Ҷари ноҳияи Ховалинг 34 адад нигораҳо дарёфт намуданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, бобати ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ тадбирҳои судманд андешида, тасмим гирифтааст, ки ин мавзеъҳоро ба макони дӯстдоштаи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ табдил диҳад.



Рухсораи НУР




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво