20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Яке аз хиёбонҳои Душанбе ба номи Туҳфа Фозилова гузошта мешавад

757
Яке аз хиёбонҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба номи устоди санъати театри мусиқӣ ва драмавӣ, Артисткаи халқии СССР шодравон Туҳфа Фозилова гузошта мешавад.
Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиши байналмилалии илмие, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 100-солагии устоди санъати театрӣ ва мусиқӣ Туҳфа Фозилова баргузор гардид, баён дошт.
Намояндагони ҳамоиши байналмилалии илмии «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баъд аз нисфирӯзии имрӯз дар маросими бардоштани лавҳаи ёдгорӣ дар хиёбоне, ки ба номи Тӯҳфа Фозилова гузошта мешавад, иштирок хоҳанд кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво