27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

102
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардадКумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 10-11 июни соли равон бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор менамоянд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Конференсияи мазкур 10- 11 июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, чор бахши асосӣ — «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ»-ро дар бар мегирад.

Илҳомҷон Ҳамидиён афзуд, ки дар бахши «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ» мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешаванд: «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон: дастовардҳо, ташаббусҳо ва дурнамо», «Дастовардҳои сиёсию амалии Тоҷикистон дар 30 соли давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ», «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: роҳу усулҳои мусолиматомез дар бартарафсозии низоҳои дохилӣ дар таҷриби Тоҷикистон», «Сиёсати идоракунӣ дар Тоҷикистон: ташаббусҳо дар роҳи рушди устувор», «Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳолат ва дурнамо», «Таҳкими институти идоракунии деҳот дар мисоли мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (кумитаи маҳалла/деҳот)», «Инноватсия дар идоракунӣ ва вазъи он ҷомеа», «Механизмҳои рушди иқтидори зеҳнии ҷомеа ва давлат: озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат”.

«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад


Конференсияи мазкур бо мақсади таҳкими асосҳои илмию методӣ ва амалии фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ-пойдевори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ва зиндагии шоистаи мардум баргузор мегардад. Ҷамъомад дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, мақолаҳои илмию таҳлилии ба он пешниҳодшуда дар Маҷаллаи илмию таҳлилии «Мактабисиёсии Пешвои миллат», ки шомили китобхонаи электронии ELIBRARY.RU/ РИНЦ мебошад, чоп гардида, ба ҳар як иштирокчӣ ё муаллиф ройгон дастрас карда мешавад.

Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.Иштирок дар Конференсия тариқи пешниҳоди дархост то санаи муқарраршуда тасдиқ карда (ба қайд гирифта) мешавад.

Дар Конференсия ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар шакли мустақим ва ё фосилавӣ (онлайн) иштирок намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»/ҲХДТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво