16 август 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оқибати офати табиӣ дар ноҳияи Дарвоз

998
13 апрел дар нимаи аввали рӯз дар деҳаи Камчаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ярч фаромад. Мутаассифона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Дар ин бора Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Зимни суҳбати телефонӣ бо Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода маълум гардид, ки ярч ба дарозии 20 метр тӯл кашида, хонаи сокини деҳаи номбурда Исмоил Расуловро зер кардааст. Дар натиҷа ду нафар истиқоматкунандаи ин хона Мадина Иброҳимзода, соли таваллудаш 1998 ва Давлаталӣ Исмоилзода, соли таваллудаш 2015 зери ярч мондаанд.
Дар фурсати кӯтоҳтарин гурӯҳи наҷотдиҳандагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, ки дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт ҷойгиранд, якҷоя бо сокинони маҳаллӣ ҷасади Мадина Иброҳимзодаро бароварданд. Давлаталӣ Исмоилзода ҳангоми аз зери харобаҳои хона баровардан ҳанӯз зинда буд ва пас аз чанде ҷон дод.
Гурӯҳи даҳнафараи наҷотдиҳандагон аз ҳисоби Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт низ дар фурсати кӯтоҳ ба кумаки зарардидагони ин офати табиӣ омаданд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Дарвоз иброз дошт, ки истиқоматкунандагони хонаи аз офати табиӣ харобгардида дар деҳаи Камчак дар хонаи дигаре ҷой карда шуданд ва аз ҳисоби Фонди захиравии раиси ноҳия барои онҳо маводи озуқаворӣ ва бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ рахти хоб ва дигар лавозимоти рӯзгор дастрас карда шуд.
Сокинони куҳансоли Ҷамоати деҳоти Сағирдашт изҳор доштаанд, ки то кунун дар ҳудуди ин ҷамоат фаромадани ярчро дар хотир надоранд ва бори аввал чунин офати табиӣ дар ин минтақа ба қайд гирифта шудааст.
Баҳри бартарафкунии оқибатҳои ин офати табиӣ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии минбаъда бо супориши бевоситаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар мавзеъҳои хатарноки ин ҷамоати дурдаст навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби кормандони идораву муассисаҳои дахлдор, сокинони маҳаллӣ ва волонтёрон ташкил карда шудааст.

P.S Дар баъзе расонаҳои хабарӣ нашр гардид, ки Мадина Иброҳимзода бо фарзандаш зери ярч мондааст. Аз рӯи маълумоти аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дастрасгардида Давлаталӣ Исмоилзода набераи ҳамин оила, вале фарзанди Мадина набудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво