25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шараф Шерализода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония мулоқот намуд

143
Шараф Шерализода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония мулоқот намуд 20 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Хонда Таро дар Токио баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ш.Шерализода ҳамтои худро бо ҷараёни омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, шинос намуд.

Инчунин ҷонибҳо зарурати ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 23-24 апрел дар шаҳри Кумамотои Япония Саммити 4-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии нақшу ҳадафҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (6-9 июни соли 2022, Душанбе) ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (марти 2023, Ню-Йорк) иштирок хоҳад кард.

АКС: ВКХ ҶТ






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво