Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ мегузаронад![]() ![]() Даврҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» гузаронида мешаванд. Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи сифати гузаронидани даврҳои омӯзиширо вобаста ба арзёбии сатҳи тахассус, маҳорату малакаи касбии иштирокчиён ва ба ин васила тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намуд. Солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ талабот ба мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ хеле зиёд гаштааст. Тақвияти неруи кадрӣ ва пешниҳоди хизматрасонии босифат дар баробари рушди инфрасохтор омили муҳими рақобатпазирии соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад. АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |