Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.
Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Мувофиқи банди 1-и фармоиши мазкур машғулияти таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом мерасад.
Дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 то 10 июни соли 2022 гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2021 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.
Сарвари давлат вобаста ба тағйир ёфтани таътил ба Вазорати маориф ва илм супориш дода буданд, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешкаш намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои зарурӣ андешад.
АКС: АМИТ «Ховар»