28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин барои Тоҷикистон кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисодӣ омода мекунад

1040
Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин, ки бо зиёда аз 140 донишгоҳ ва институтҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд, омода аст бо донишгоҳҳои ҳавасманди Тоҷикистон дар соҳаҳои омодасозии мутахассисон дар бахшҳои энергия, тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисод ҳамкорӣ намояд. Ин матлаб дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо ноиби президенти Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин профессор Маттҳиас Кнаут баён гардид.
Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин барои Тоҷикистон кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисодӣ омода мекунад
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар мулоқот оид ба рушду пешравиҳо дар соҳаи маорифи Тоҷикистон сухан рафта, ба профессор Кнаут маълумоти муфассал ва таклифҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ба монанди табодули донишҷӯёну омӯзгорон пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин (HTW Berlin) соли 1994 созмон ёфта, яке аз бузургтарин донишгоҳҳои замини федеролии Берлин ба ҳисоб меравад. Дар он дар 70 самти омӯзишӣ, ба мисли информатика, техника, энергия ва иқтисод зиёда 13355 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво