25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамоатҳои деҳоти Регар, Пахтаобод, Навободи шаҳри Турсунзода маъракаи кишти пунбадонаро ба анҷом расониданд

88
Ҷамоатҳои деҳоти Регар, Пахтаобод, Навободи шаҳри Турсунзода маъракаи кишти пунбадонаро ба анҷом расонидандСоли равон мувофиқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода бояд дар майдони 1000 гектар навъҳои пунбадонаи «Истиқлол», «Дӯстӣ», «Флеш» ва «Фаровон» кишт намоянд. Деҳқонони шаҳри Турсунзода аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқониву дастҷамъӣ ба кишти пунбадона машғуланд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Сарагрономи Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Абдукарим Файзуллоев изҳор дошт, ки кишоварзони шаҳр кишти пахтаро 6 апрел оғоз намуданд ва то имрӯз якчанд ҷамоати деҳот аз иҷрои нақшаи кишти пунбадона баромаданд. Аз ҷумла, нақшаи кишти пунбадонаро хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти Навобод 105,6%, Регар 101,4 % ва Пахтаобод 100% иҷро намуданд.

Мувофиқи талаботи агротехникӣ, мавсими кишти пунбадона дар шаҳри Турсунзода идома дошта, то имрӯз иҷрои дурнамои кишти чигит дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво