Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сафири Фаронса масоили мубориза бо терроризму экстремизмро баррасӣ карданд![]()
Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд. «Оид ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд», — омадааст дар иттилоия. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |