Главная > Ташкилотҳои системаи Кумита > Манзили сохтмончиён

Манзили сохтмончиён


26-01-2022, 09:41.
Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили сохтмончиён»-и Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили сохтмончиён»-и Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Корхона) дар асоси талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Соҳибмулки Корхона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идоракунии он аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Корхона дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои муассис ва оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Корхона фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин Кумита, мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
5. Номи расмии Корхона бо забони тоҷикӣ:
- Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили сохтмончиён”
- Номи мухтасар:
- КВД “Манзили сохтмончиён”
6. Номи расмии Корхона бо забони русӣ:
- Государственное унитарное предприятие “Манзили сохтмончиён”
- Номи мухтасар:
- ГУП “Манзили сохтмончиён”
7. Маҳалли ҷойгиршавии Корхона: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 46 мебошад.



2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

8. Корхона шахси ҳуқуқи буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустақил, суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дар бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳии дигар, мӯҳр бо тасвири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи расмии корхона, бланк, штамп ва нишонаи тиҷоратӣ мебошад.
9. Корхона мақоми шахси ҳукуқиро аз лаҳзаи бо тартиби муқарраршуда аз қайди давлатӣ гузаштанаш соҳиб мешавад.
10. Корхона аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкиро соҳиб мешавад, масъулият бар дӯш мегирад ва ҳақ дорад дар мақомоти судӣ даъвогар ва ҷавобгар бошад.
11. Корхона бо мақсади татбиқ намудани сиёсати давлатии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва андоз барои маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳояш (ҳуҷҷатҳои маъмурӣ, молиявӣ, ҳайати шахсӣ ва ғайра) масъул мебошад.
12. Корхона аз рӯи уҳдадориҳояш бо тамоми моликияти худ ҷавобгар мебошад. Корхона аз рӯи уҳдадориҳои муассис ва мақоми ваколатдори он ҷавобгар набуда, муассис ва мақоми ваколатдори он ҳам аз рӯи уҳдадориҳои корхона ҷавобгар намебошад. Агар муассис ё ашхоси дигаре, ки ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмӣ ё имконияти муайян намудани амалҳои онро дорад, сабабгори муфлисшавӣ бошад, дар сурати нарасидани амволи Корхона ба зиммаи чунин ашхос вогузор намудани масъулияти ёрии пулӣ имконпазир аст.
13. Корхона метавонад ба сифати шахси ҳуқуқӣ корхонаи дигареро (корхонаи фаръиро) тавассути бо тартиби муқарраршуда таҳвил додани қисме аз амволи худ ба идораи хоҷагидорӣ таъсис диҳад.
14. Корхона бо тартиби муқарраршуда ҳақ дорад филиал ва намояндагиҳоро, ки шахсони ҳуқуқӣ намебошанд,таъсис диҳад.
15. Корхона бо тартиби мукарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад.
3. МАҚСАДИ КОРХОНА
16. Корхона бо мақсади дар асоси манзилномаҳо бо хобгоҳ таъмин намудани кормандони соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, таъмини нигоҳдории онҳо мебошад.
17. Корхона барои ноил шудан ба мақсадҳои худ фаъолиятҳои зеринро амалӣ менамояд:
-назорати риояи талаботи низомнома дар бораи тартиби истифода ва истиқомат дар хобгоҳҳои умумӣ аз тарафи истиқоматкунандагон;
-иҷро намудани корҳои сохтмонӣ, таъмир ва сохтмон;
-иҷро намудани корҳои, васлгарӣ, танзимгарӣ, таъмири асосии объектҳо ва воситаҳои автоматикунонии объектҳои хоҷагии халқ;
- ба амал баровардани фаъолият оиди тартиб додани ҳуҷҷатгузории лоиҳакашӣ ва сметавӣ дар соҳаи сохтмони саноат, шаҳрвандӣ ва сохтмони объектҳои барқӣ:
- фаъолияти миёнаравии тиҷоратӣ ва муомилоти бартерӣ дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда.


3. ҲУҚУҚ ВА ӮХДАДОРИҲОИ КОРХОНА
18. Корхона ҳуқуқҳои зерин дорад:
- дар доираи салоҳиятҳои худ амалиёти содиротӣ ва воридотиро анҷом диҳад;
- корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳоро бо иштироки сармоягузории хориҷӣ таъсис диҳад;
- ба ташкилотҳо ва ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории илмию техникӣ ва истеҳсолотиро ба амал барорад;
- дар кори биржаҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;
- назорати ҷамъиятиро барои риояи фондҳои манзилию ғайриманзилӣ, нигоҳдории хонаҳои истиқоматӣ ва атрофи он, қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои обрасонӣ, гази табиӣ, нерӯи барқ, гармӣ, бехатарии сӯхтор ва санитарӣ, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи боигариҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ, роҳҳо, майдонҳо, гулгаштҳо ва кабудизорҳо дар ҳудуди маҳалла, таъмин намояд;
- дар қабули иншоотҳои иҷтимоӣ, коммуналӣ, корҳои ободонӣ, таъмир ва беҳдошти санитарии маҳалла иштирок намояд;
- иштироки ихтиёрии истиқоматкунандагон, ташкилоту идора ва корхонаҳои дар ҳудуди маҳалла ҷойгирбударо ҷиҳати ободонӣ, кабудизоркунӣ дар ҳолати намунавӣ нигоҳдории хонаҳо, тозагии атроф, таҳхонаву даромадгоҳҳи хонаҳои истиқоматию ғайриистикоматӣ, роҳҳо, ифрасохтори муҳандисӣ, ёдгориҳои таърихӣ, фаввораҳо ва ғайраҳо ташкил намояд;
- дар байни аҳолии маҳалла оид ба муносибати эҳтиёткорона бо элементҳои меъморӣ, ниҳолҳои сабз, истифодаи оқилонаи об, газ, барқ ва пешгирии истифодабарии ғайриконунии нерӯи барк, об ва дигар сарватҳои табиӣ корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронад;
- назорати иҷроиши шартномаҳои басташуда оид ба тараққиёти доираи иҷтимоию иқтисодӣ, беҳдошти хизматрасонии коммуналӣ (обтаъминкунӣ, таъмини барқ, газ ва гармӣ) дар маҳалла таъмин намояд.
4. ФОНДИ ОИННОМАВИИ КОРХОНА
19. Фонди оинномавии Корхона 184848 (яксаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсаду чилу ҳашт) сомониро ташкил медиҳад.
20. Агар арзиши активҳои Корхона аз андозаи ҳадди ақали бо тартиби қонунгузории пешбинишуда камтар гардад, Корхона метавонад бо қарори суд барҳам дода шавад.
21. Кам кардани фонди оинномавии Корхона танҳо пас аз огоҳ намудани тамоми кредиторони он иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат қарздиҳандагон ҳақ доранд, ки катъ ё иҷрои пеш аз муҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни хисоротро талаб намоянд.
36. Афзоиш додани фонди оинномавии Корхона бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ имконпазир аст.
5. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ МУАССИС ВА МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ОН.
37. Муассис ва мақоми ваколатдори он ҳуқуқҳои зерин доранд:
- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро дар бораи азнавташкилдиҳӣ ва ё барҳамдиҳии Корхона бо тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд.
- бо маълумоти баҳисобгирӣ, ҳисоботҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад, санҷиши хоҷагидории корхонаро гузаронад;
- самтҳои асосии фаъолияти корхонаро муайян намояд;
- бо тартиби муқарраргардида оинномаи корхонаро тасдиқ намояд, ба оинномаи корхона тағйиру иловаҳо ворид намояд, тағйири ҳаҷми фонди оинномавиро тасдиқ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида роҳбари корхона, сармуҳандис ва сармуҳосиби корхонаро ба вазифа таъин вааз вазифа озод намояд, бо онҳо шартномаҳо бандад, онҳоро тағйир диҳад ва бекор кунад, пеш аз муҳлат ваколати онҳоро қатъ намояд ва онҳоро ба ҷавобгарии молу мулк кашад;
- бо тартиби муқарраргардида шумораи кормандони корхона, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои корхонаро тасдиқ намояд;
38. Муассис ва мақоми ваколатдори он вазифаҳои зерин дорад:
- фонди оинномавии корхонаро бо тартиб, ҳаҷм ва муҳлате, ки тибқи қонунгузорӣ ва ҳамин оиннома пешбинӣ намудааст, ташкил диҳад.;
- ӯҳдадориҳоеро, ки нисбат ба Корхона ба зимма дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд;
- маълумоти махфиро оид ба фаъолияти Корхона паҳн накунад.
39. Мақоми идоракунии Корхона директор мебошад.Директор бе боваринома аз номи Корхона амал мекунад, манфиатҳои корхонаро дар муомилот бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳимоя мекунад.
40. Корхонаро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
6. КОМИССИЯИ ТАФТИШОТӢ
41. Назоратро оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхона Комиссияи тафтишотие, ки аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдори дахлдори он бо тартиби муқарраргардида таъин карда шудааст, анҷом медиҳад.
42. Комиссияи тафтишотӣ мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамин оиннома ва низомнома дар бораи комиссияи тафтишотӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори муассис тасдиқ мегардад, амал мекунад.
43. Комиссияи тафтишотӣ бо супориши мақоми ваколатдори муассис тафтишотро амалӣ менамояд.
44. Аъзоёни комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ доранд аз шахсони мансабдор ва ҳайати коркунони Корхона пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва баёноти шахсиро талаб намоянд.
45. Комиссияи тафтишотӣ натиҷаи тафтишро ба мақоми ваколатдори муассис пешниҳод мекунад.
46. Комиссияи тафтишотӣ хулосаро аз рӯи ҳисоботи солона ва балансҳо тартиб медиҳад, ки дар асоси он мақоми ваколатдори муассис ҳисоботи солонаи молиявии корхонаро тасдиқ мекунад.
7. АМВОЛ, ФОНДҲО ВА ФОИДАИ КОРХОНА.
47. Амволи Корхона аз амволи зерин ташкил меёбад:
- амволе, ки муассис бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидори таҳвил намудааст;
- маҳсулоте, ки Корхона дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсол намудааст;
- даромадҳои корхона;
- саҳмгузории амволии ихтиёрӣ ва хайрхоҳии шахсони ҳуқуқӣ;
- дигар амвол ва маблағҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти Корхона ба даст омадаанд.
48. Амволе, ки Корхона онро дар асоси ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ дорост, моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад, амволи мазкур тақсимнашаванда буда, метавонад ба саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо) тақсим шавад.
49. Корхона ҳақ надорад моликияти ғайриманқули мазкурро фурӯшад, ба гарав монад, ҳамчун саҳм ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидор гузорад ва ё бо тартиби дигаре бе розигии муассис онро тасарруф намояд.
50. Амволи дигари худро Корхона мустақилона тасарруф менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз тарафи қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд.
51. Фоидаи Корхона аз ҳисоби даромад аз фаъолияти хоҷагидорӣ, баъд аз супоридани ҳама андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, хароҷоти истеҳсолӣ, дигар намудҳои пардохтҳои ғайринақшавӣ ва хароҷот ташкил мешавад.
52. Фоидае, ки дар тасарруфи Корхона баъд аз супоридани пардохтҳо, ки дар ҳамин қисм муқаррар шудаанд, мемонад, барои пешбурди фаъолият ва ҳавасмандгардонии кормандон сарф карда мешаванд.
8. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА
53. Қатъ гардидани фаъолияти Корхона дар натиҷаи аз нав ташкилдиҳӣ ва ё барҳамдиҳии он ба амал бароварда мешавад.
54. Азнавташкилдиҳии Корхона метавонад бо қарори муассис, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад. Дар ҳолати аз нав ташкилдиҳии Корхона ҳамаи ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқарраршуда ба вориси ҳуқуқии он дода мешаванд.
55. Амволе, ки баъд аз қонеъ гардонидани талаботҳои қарздиҳандагон, инчунин аз ҳисоби воситаҳои хусусӣ ба даст оварда шудаанд, ба муассис мегузарад.
56. Дар ҳолати барҳамдиҳии Корхона ҳуҷҷатҳое, ки бояд доимо маҳфуз бошанд, ҳуҷҷатҳои дорои арзиши таърихӣ ва ҳуҷҷатҳо оиди ҳайати кормандон бо тартиби муқарраргардида барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супурда мешавад.


Манзили сохтмончиёнМанзили сохтмончиён
Вернуться назад